Дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мудири кулли Фонди Абу Забӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф ал Сувейдиро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Аморот дар бахшҳои мухталиф баррасӣ гардид.
«Мо аз оғози истиқлол ба эҳё ва густариши равобиту ҳамкории васеъ бо кишварҳои араб, ки Амороти Муттаҳидаи Араб аз ҷумлаи пешсафони онҳост, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем», – таъкид дошт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот пеш аз ҳама оид ба дарёфти роҳҳои наву афзалиятноки таҳкиму тавсеи муносибатҳо, имконоти рушду густариши ҳамкорӣ, истифодаи захираҳои бойи табиии Тоҷикистон, иштироки Фонди Абу Забӣ оид ба рушд дар таҳияву татбиқи лоиҳаҳои дорои дурнамои судовар табодули андеша карданд.
Ба андешаи Президенти Тоҷикистон, ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар доираи сиёсати дарҳои боз тамоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқиро бо афзалиятҳо фароҳам овардааст ва ин имкон медиҳад, ки ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла муассисаҳои молиявию кумакрасони Аморот ҳарчи бештар бо сармояи хеш дар амалӣ кардани барномаҳо ва баҳрабардорӣ аз татбиқи онҳо иштироки фаъол дошта бошанд.
Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон 14 корхонаи муштарак бо Аморот ба қайд гирифта шудааст ва ҳаҷми гардиши мол бо дарназардошти тамоми имкону захираҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.
Бинобар ин зарур шуморида шуд, ки ба хотири густариши муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ як силсила иқдомҳои ҳадафманд дар самти истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ва такмили инфрасохтори нақлиётӣ анҷом дода шаванд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин оид ба як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Аморот, ки барои кишварҳо манфиатбахш аст гуфтугӯ сурат гирифт.





