Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш зани 58-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки ӯ мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифтааст.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менавиисад, шаби 16 март 4 нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш ғайриқонунӣ вориди ҳуҷраи хоби ин зан шуда, бо истифода аз корд ва чӯби бо худ овардаашон ба тарафи ӯ ва духтараш, зани 32-сола, ҳуҷум мекунанд ва бо тариқи зӯроварӣ аз дохили сумкаи занона 65 ҳазор сомониро тасаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар мардони 25-сола, яке сокини ноҳия Вахш, дуюмӣ сокини ноҳияи Ҷиликул ва марди 23-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки далелҳои шайъӣ қисман мусодира ва аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.



