Дорандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2014 – дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан дар мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дар соли равон иштирок намекунад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи «Далерон» дар ин бора номаи расмӣ ирсол намуда, хабар додааст, ки бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ дар мусобиқи мазкур иштирок карда наметавонад.
Ҳамин тариқ, дар мавсими нави мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон 10 даста рақобат мекунанд. Бо сабаби аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашидани дастаи «Далерон», маросими қуръапартоии тақвими мусобиқа дубора баргузор шудааст.
Қобили зикр аст, ки бозиҳои даври аввали мусобиқаи 25-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 7-10 апрел доир мегарданд.





