Санаи баргузории интихобот ба ҷойи вакили хориҷшуда аз Маҷлиси миллӣ таъин шуд

Имрӯз таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи КМИР ҶТ доир гардида, дар он санаи баргузор намудани интихоботи пешазмуҳлат ба палатаи болоии парлумони кишвар муайян карда шуд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки интихобот ба ҷойи вакили аз Маҷлиси миллӣ хориҷшуда […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи КМИР ҶТ доир гардида, дар он санаи баргузор намудани интихоботи пешазмуҳлат ба палатаи болоии парлумони кишвар муайян карда шуд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки интихобот ба ҷойи вакили аз Маҷлиси миллӣ хориҷшуда Бахтиёр Худоёрзода (ҳавзаи интихоботии Душанбе) ба санаи 29 май таъин карда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки Бахтиёр Худоёрзода бинобар сабаби ба вазифаи раиси КМИР Тоҷикистон таъин шуданаш, пеш аз муҳлат аз аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хориҷ шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи КМИР ҶТ ҳамчунин тартиби бақайдгирии нозирони байнулмилалӣ дар маъракаи раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйиро ба Конститутсияи Тоҷикистон низ тасдиқ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.