Politico: Пентагон кумаки низомӣ ба Тоҷикистонро афзун мекунад

ASIA-Plus


Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кумакҳои низомӣ ба дигар кишварҳоро афзун карданист.

Нашрияи Politico дар ин робита

менависад

, миёни кишварҳое, ки аз ин лиҳоз дастгирӣ меёбанд, Тоҷикистон низ ҷой дорад, ки ба андешаи Вазорати мудофиаи ин кишвар, дар он ҷо мавридҳои шиканҷаву таъқиб ба таври густурда истифода мешавад.

«Миёни кишварҳое, ки Пентагон ба онҳо хоҳони кумак аст, Буркина-Фасо, ки дар он тибқи изҳороти Департаменти давлатӣ ҳуқуқҳои занонро поймол мекунанду нисбати маҳкумшудагон аз қувваи беҳад зиёд кор мегиранд ва ҳамчунин Тоҷикистон, ки ба андешаи ин мақомот, дар он аз шиканҷа ва «таъқиб нисбати фаъолони сиёсӣ» васеъ истифода мешавад, ҷой доранд», – қайд мешавад дар маводи нашрия.

Гуфта мешавад, соли гузашта Вазорати мудофиаи ИМА барои мусаллаҳ гардонидан ва омӯзиши низомиёни маҳаллӣ дар Амрикои Лотинӣ, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Шарқи Наздик дар маҷмӯъ 11 млрд. доллари ИМА масраф кардааст.

Мутобиқи ин барномаҳо, барои анҷом додани амалиёти зиддитеррористӣ ва тақвияти ҳимояти марзҳо ба ин кишварҳо аслиҳаву таҷҳизот фиристода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.