Гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо раиси САҲА

Вазири федералии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Франк-Валтер Штайнмайер рӯзи 1 апрел бо сафари якрӯза аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин бора департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни ин сафар Франк-Валтер Штайнмайерро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ […]



Вазири федералии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Франк-Валтер Штайнмайер рӯзи 1 апрел бо сафари якрӯза аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин бора департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни ин сафар Франк-Валтер Штайнмайерро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷидин Аслов имрӯз, 25 март сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидает Бишчевичро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, дар мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз қабили равандҳои муҳимми ҳамкориҳо, натиҷаҳои ҷаласаи 5-уми Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.