Ҳабси узви Давлати исломӣ дар Петербург, ки дар Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дошт

Дар шаҳри Петербурги Русия шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафҳои ба ном Давлати исломӣ пайваста, ба паҳнкунии аксҳои дорои хусусияти ифротгароӣ машғул буд, ба ҳабс гирифта шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии прокуратураи Петербург, шаҳрванди Тоҷикистон Давронҷон Давлатов санаи 14 март боздошт шуда, рӯзи дигараш суди ноҳияи Кирови шаҳр ба ҳабси ӯ бо […]



Дар шаҳри Петербурги Русия шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафҳои ба ном Давлати исломӣ пайваста, ба паҳнкунии аксҳои дорои хусусияти ифротгароӣ машғул буд, ба ҳабс гирифта шуд.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии прокуратураи Петербург, шаҳрванди Тоҷикистон Давронҷон Давлатов санаи 14 март боздошт шуда, рӯзи дигараш суди ноҳияи Кирови шаҳр ба ҳабси ӯ бо мақсади истирдоди минбаъда иҷозат додааст.

Гуфта мешавад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати боздоштшуда корҳои марбут ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯро анҷом намедиҳанд.

«Муайян карда шуд, ки зимни будубош дар қаламрави Русия Давлатов дар шабакаи иҷтимоӣ ба сафҳои созмони фаъолияташ дар қаламрави Русия мамнӯъи ба ном «Давлати исломӣ» пайваста, дар саҳифаи худ дар шабака ба паҳн кардани аксҳои дорои хусусияти ифротгароӣ машғул буд», – қайд мешавад дар маълумот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.