Дарёфти тарзҳои солимгардонии вазъи «Тоҷиксодиротбонк»

ASIA-Plus



Дар маҷлиси солонаи умумии саҳмиядорони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» (ТСБ) масоили солимгардонии вазъи молиявӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти бонк, раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода ҳозиринро бо натиҷаҳои фаъолияти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар соли 2015 шинос намуда, он аз ҷониби саҳҳомон тасдиқ шуд.

«Дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ҳадафи аввалиндараҷаи Бонк дар соли ҷорӣ амалисозии чораҳои солимгардонӣ ва тақвияти пайгиронаи рушди босуботи молиявӣ, беҳтарнамоии самаранокии фаъолият ва боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон, афзоиши ҳаҷми сандуқи қарзӣ ва амонатгузорӣ мебошад», – гуфт Тоҷиддин Пирзода.

Дар маҷлис ҳамчунин ҳисоботи кумитаи аудити Бонк доир ба натиҷаҳои соли 2015, тавозуни бонк ва ҳисоботи фоидаву зарар дар соли 2015, ҳисобот оид ба ҷамъбасти ҷойгиркунии саҳмияҳои барориши 16-уми Бонк баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Гуфта мешавад, дар робита ба тағйирёбии номи баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба Оинномаи Бонк низ тағйироти марбута ворид гардида, маҷлиси умумии саҳмиядорон ҳайати нави Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро интихоб намуд.

Қобили зикр аст, ки санаи 9 марти соли равон масъулини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки Аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) масъалаи рушди сохтори бонкии Тоҷикистон, бахусус нақши бонкҳои низомсоз ба монанди ТСБ-ро

баррасӣ намуданд.

БАТР стратегияи нави «Тоҷиксодиротбонк»-ро, ки он ба таҳкими капитализатсияи бонк, таъмини рушди бештари он, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ, аз ҷумла тавассути ҷалби сармоягузорони институтсионалии нави хориҷӣ, ки ба сохтори сармояи бонк нигаронида шудааст, хуш пазируфт ва аз он дастгирӣ намуд. БАТР умедворӣ изҳор намуд, ки дар амал татбиқ шудани ҷараёни мазкур ба БАТР ҷиҳати аз нав оғоз намудан ва рушди ҳамкории ҳамаҷониба бо «Тоҷиксодиротбонк» имконият фароҳам месозад.

Дар ҳамин ҳол, Георгий Орлов, директори Шуъбаи ташкилотҳои молиявӣ дар Русия, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони БАТР изҳор дошт, ки бо шарти баргузор намудани ислоҳот дар «Тоҷиксодиротбонк», ин ниҳоди молиявӣ ба пешниҳоди воситаҳои зарурӣ баҳри устувории ТСБ омода аст. «Бо оғози ислоҳот, Бонки аврупоии таҷдиду рушд дарҳол имкони пешниҳоди кумаки заруриро баррасӣ хоҳад кард», – гуфт Орлов дар

мусоҳиба

ба Радиои Озодӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.