Директори «Ховар» сафир дар Арабистони Саудӣ таъин шуд

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори дипломатии ҷумҳурӣ як тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар малайзия Музаффар Ҳусейнов аз вазифааш озод карда гардида, муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ таъин шуд. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон бо сабаби […]



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори дипломатии ҷумҳурӣ як тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар малайзия Музаффар Ҳусейнов аз вазифааш озод карда гардида, муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ таъин шуд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш Қосимӣ Заробиддин, директори АМИТ «Ховар» аз вазифааш озод карда шуда, бо фармони президент сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо фармони президенти мамлакат сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҳамзамон сафири кишвар дар Арманистон таъин гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зоҳир Саидов ҳамзамон сафири ҷумҳурӣ дар Гурҷистон таъин карда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.