КМИР ба ду ҳавза варақаҳои раъйдиҳӣ фиристод

Аваз Юлдошев



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз, 29 март ирсоли варақаҳои раъйдиҳӣ ба ду ҳавзаи интихоботиро ба итмом расонид, ки дар онҳо интихоботи пеш аз муҳлат ба палатаи поёнии парлумон ба ҷойи вакилони хориҷшуда доир мегардад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз варақаҳо ба ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1 ва ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16-и вилояти Суғд фиристода шуда, ду рӯз қабл аз маъракаи овоздиҳӣ зери посбониву назорати намояндагони мақомоти интизомӣ ба ихтиёри қитъаҳои интихоботӣ супурда мешаванд.

«Варақаҳои раъйдиҳии дорои якчанд дараҷаи ҳимоя дар нашриёти «Шарқи Озод» асосан бо забони тоҷикӣ ва ҳамчунин барои сокинони ӯзбеки ҳавзаи интихоботии якмандатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо забони ӯзбекӣ нашр шудаанд», – қайд кард Додозода.

Ёдрас мекунем, ки ба интихоботи миёндаврии пеш аз муҳлат ба ҷойи ду вакили хориҷшудаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ки ба санаи 10 апрел таъин шудааст, 9 нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд.

Аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1 Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – номзадии ҳуқуқшинос Эмомалӣ Насриддинов, Ҳизби сотсиалистӣ – номзадии омӯзгор Мавлуда Раҷабова, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – номзадии иқтисодчӣ Сарвиноз Маҷидова ва Ҳизби демократ – номзадии Ҳикматулло Саидовро пешбарӣ намудаанд.

Аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16-и вилояти Суғд ҲХДТ – номзадии роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Зафаробод Алиҷон Саидзода, Ҳизби коммунист – номзадии Ҳикмат Саидов, Ҳизби аграрӣ – номзадии Илҳом Аҳмедовро пешбарӣ карда, ғайр аз ин, боз ду сокинони маҳаллӣ – Зулайхо Маҳкамова ва Баҳодур Акрамов ба сифати номзадҳои худпешбаришуда иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда Маҳмадалӣ Ватанзода (ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1) ва Комил Салимзода (ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16) ба санаи 10 апрел таъин шудааст.

Ваколатҳои М.Ватанзода бинобар сабаби таъин шуданаш ба вазифаи ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ ва К.Салимзода ба мансаби раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.