КМИР ба ду ҳавза варақаҳои раъйдиҳӣ фиристод

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз, 29 март ирсоли варақаҳои раъйдиҳӣ ба ду ҳавзаи интихоботиро ба итмом расонид, ки дар онҳо интихоботи пеш аз муҳлат ба палатаи поёнии парлумон ба ҷойи вакилони хориҷшуда доир мегардад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз варақаҳо ба ҳавзаи […]



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз, 29 март ирсоли варақаҳои раъйдиҳӣ ба ду ҳавзаи интихоботиро ба итмом расонид, ки дар онҳо интихоботи пеш аз муҳлат ба палатаи поёнии парлумон ба ҷойи вакилони хориҷшуда доир мегардад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз варақаҳо ба ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1 ва ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16-и вилояти Суғд фиристода шуда, ду рӯз қабл аз маъракаи овоздиҳӣ зери посбониву назорати намояндагони мақомоти интизомӣ ба ихтиёри қитъаҳои интихоботӣ супурда мешаванд.

«Варақаҳои раъйдиҳии дорои якчанд дараҷаи ҳимоя дар нашриёти «Шарқи Озод» асосан бо забони тоҷикӣ ва ҳамчунин барои сокинони ӯзбеки ҳавзаи интихоботии якмандатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо забони ӯзбекӣ нашр шудаанд», – қайд кард Додозода.

Ёдрас мекунем, ки ба интихоботи миёндаврии пеш аз муҳлат ба ҷойи ду вакили хориҷшудаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ки ба санаи 10 апрел таъин шудааст, 9 нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд.

Аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1 Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – номзадии ҳуқуқшинос Эмомалӣ Насриддинов, Ҳизби сотсиалистӣ – номзадии омӯзгор Мавлуда Раҷабова, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – номзадии иқтисодчӣ Сарвиноз Маҷидова ва Ҳизби демократ – номзадии Ҳикматулло Саидовро пешбарӣ намудаанд.

Аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16-и вилояти Суғд ҲХДТ – номзадии роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Зафаробод Алиҷон Саидзода, Ҳизби коммунист – номзадии Ҳикмат Саидов, Ҳизби аграрӣ – номзадии Илҳом Аҳмедовро пешбарӣ карда, ғайр аз ин, боз ду сокинони маҳаллӣ – Зулайхо Маҳкамова ва Баҳодур Акрамов ба сифати номзадҳои худпешбаришуда иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда Маҳмадалӣ Ватанзода (ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1) ва Комил Салимзода (ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16) ба санаи 10 апрел таъин шудааст.

Ваколатҳои М.Ватанзода бинобар сабаби таъин шуданаш ба вазифаи ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ ва К.Салимзода ба мансаби раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.