Ҳукми 7 соли зиндон ба душанбегиҳо барои хоҳиши пайвастан ба Давлати исломӣ

ASIA-Plus

Ду нафар сокини шаҳри Душанбе, ки дар муҳоҷирати корӣ тасмим гирифтаанд ба сафҳои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ) бипайвананд, дар Туркия боздошт ва ба ватан баргардонида шуда, барои ин хоҳишашон ҳар кадоме ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳамин тариқ, бо ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, сокини шаҳри Душанбе Ботиралӣ Ҷалолов мутобиқи […]



Ду нафар сокини шаҳри Душанбе, ки дар муҳоҷирати корӣ тасмим гирифтаанд ба сафҳои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ) бипайвананд, дар Туркия боздошт ва ба ватан баргардонида шуда, барои ин хоҳишашон ҳар кадоме ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ҳамин тариқ, бо ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, сокини шаҳри Душанбе Ботиралӣ Ҷалолов мутобиқи моддаҳои 32 (Омодагӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 400 (Иштирок дар низоъҳои мусаллаҳ дар хориҷи кишвар)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки Ҷалолов Б. барои он гунаҳгор дониста шудааст, ки моҳи июли соли 2015 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути сомонаи иҷтимоии “Одноклассник” бо шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо номи “Абу-Майрам” шинос шуда, даъвати ӯро ба иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳайати ташкилоти экстремистӣ ва террористии бо ном “Давлати Исломӣ” дар ҳудуди Сурия пазируфтааст.

Сипас санаи 13 октябри соли 2015 ӯ тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Истамбул парвоз намуда, аз он ҷо 10 ноябри соли 2015 ҷиҳати убури сарҳади давлатии байни Туркия ва Сурия ба шаҳри Газиентеппа сафар намудааст. Дар он ҷо ӯ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати Туркия дастгир ва ба ихтиёри Тоҷикистон дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, барои содир намудани ҷинояти ба ин монанд суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт боз як сокини шаҳри Душанбе Назаралӣ Сафарзодаро низ ба 7 соли зиндон маҳкум намудааст.

Гуфта мешавад, барои пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ Н.Сафарзода бо маслиҳату ҳидояти шаҳрванди ҶТ А.Доров санаи 7 октябр аз шаҳри Санкт-Петербург озими Истамбул шуда, рӯзи 29 ноябри соли гузашта ҳангми убури марзи Сурия аз ҷониби хадамоти махсуси Туркия боздошт ва ба ихтиёри Тоҷикистон супурда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...