Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 29 марти соли 2016 бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Александр Зуев дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории миёни Тоҷикистон ва БРСММ, инчунин таҳия ва қабули стратегияи нави рушди Тоҷикистонро то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, илова бар ин, ҷонибҳо дар масоили татбиқшавии лоиҳа оид ба таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ табодули назар карданд.
