Кам шудани муҳлати зиндони тоҷики дар Русия барои ифротгароӣ маҳкумшуда

Радиои Озодӣ

Додгоҳи олии Русия қазияи Шаҳбоз Азимов, як сокини 23-солаи Тоҷикистонро дубора баррасӣ карда ва муддати ҳабси ӯро ду моҳ кам намудааст. Шаҳбоз дар моҳи ноябри соли гузашта бо қарори додгоҳи низомии ҳавзаи Маскав бо ҷурми ифротгароӣ ба 3 соли ҳабси умумӣ ё “колония – поселение” маҳкум шуда буд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , додгоҳ […]



Додгоҳи олии Русия қазияи Шаҳбоз Азимов, як сокини 23-солаи Тоҷикистонро дубора баррасӣ карда ва муддати ҳабси ӯро ду моҳ кам намудааст. Шаҳбоз дар моҳи ноябри соли гузашта бо қарори додгоҳи низомии ҳавзаи Маскав бо ҷурми ифротгароӣ ба 3 соли ҳабси умумӣ ё “колония – поселение” маҳкум шуда буд.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, додгоҳ Азимовро дар “барангехтани адоват, хусумат ва таҳқири шарафи инсонии гурӯҳи мардум дар заминаи равияи мазҳабии онҳо, даъватҳои оммавӣ ба анҷоми фаъолиятҳои ифротгароёна, даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва дар мазҳари ом сафед ё тавҷеҳ кардани терроризм” муҷрим шинохт.

Аммо додгоҳи олии Русия ҳангоми баррасии қазияи Азимов ҳолатҳои сабуккунандаро пайдо карда ва дар мавриди муддати ҳабси ӯ бознигарӣ кардааст.

Шаҳбоз Азимов аз моҳи сентябри соли 2013 то июни соли 2014, ки гоҳ дар Архангелск ва гоҳ дар Қазон ба сар мебурд, дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” як силсила аксу видеову шарҳҳоеро нашр кардааст, ки намояндагони гурӯҳҳои мазҳабии ғайримусалмонро ба гунаи таҳқиромез тасвир мекарданд. Пас аз нашри ин гуна матолиб дар шабакаи интернет ӯ аз ҷониби кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия дар дар вилояти Архангелск дастгир гардид. Тафтишот ин маводи нашршударо “даъвати рӯирост дар мазҳари ом ба фаъолияти ифротгароёна” ва “тавҷеҳи терроризм” таъбир карда буд.

Дар айбномаи Шаҳбоз Азимов дар додгоҳ ба истинод ба матолиби нашршудааш дар шабакаи Интернет таъкид шуда буд, ки ” ӯ ҷонибдори ҷиҳод алайҳи кофирон” буда, ҷавононро барои пайвастан ба суфуфи созмонҳои террористии “Давлати исломӣ”, “Гурӯҳи Ал-Фарруқ” ва “Ҷунбиши исломии Туркистон” даъват кардааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

11 сол зиндон ба сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб. Ӯ барои тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ гумонзад буд

Додгоҳи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ аз буҷа гумонзад мешуд, ба 11 соли...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.