Гуфтушуниди тоҷирони Ҳиндустон дар Душанбе

Имрӯз, 31 март зимни вохӯрии муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Саидраҳмон Назризода бо ҳайати тоҷирони ҳиндӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи бисёрсоҳавии Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ карор гирифт. Аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо имконоти тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, зербино, гидроэнергетика, дорусозӣ, тиҷорат, […]



Имрӯз, 31 март зимни вохӯрии муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Саидраҳмон Назризода бо ҳайати тоҷирони ҳиндӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи бисёрсоҳавии Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ карор гирифт.

Аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо имконоти тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, зербино, гидроэнергетика, дорусозӣ, тиҷорат, маориф ва сайёҳиро баррасӣ карда, ба масоили рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта ҳайати Ҳиндустон бо роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амоли давлатии ҶТ Қодир Қосим вохӯрда, дар мулоқот имконоти ҷалби сармояҳои Ҳиндустон ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати тоҷирони Ҳиндустон санаи 27 март ба Душанбе ташриф оварда, рӯзҳои 28-29 март дар кори

Ҳамоиши

тоҷирону сҳибкорони ҳарду кишвар иштирок карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.