Таъсиси дастаи посбонии муҳоҷирон дар Маскав

Ҳукумати шаҳри Маскав дружинаи махсуси халқиеро таъсис дод, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ мубориза мебарад. Дар ин бора роҳбари департаменти амнияти минтақавии шаҳр Алексей Майоров хабар додааст. Хабаргузории «Интерфакс» дар ин робита менависад, ба «дастаи посбонии муҳоҷирон» аллакай 300 нафар қабул шудаанд. Ҳукумати шаҳр барои ин дружина мансаби махсус – сардори ситоди дружинаи махсуси мардумиро таъсис […]



Ҳукумати шаҳри Маскав дружинаи махсуси халқиеро таъсис дод, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ мубориза мебарад. Дар ин бора роҳбари департаменти амнияти минтақавии шаҳр Алексей Майоров хабар додааст.

Хабаргузории

«Интерфакс»

дар ин робита менависад, ба «дастаи посбонии муҳоҷирон» аллакай 300 нафар қабул шудаанд. Ҳукумати шаҳр барои ин дружина мансаби махсус – сардори ситоди дружинаи махсуси мардумиро таъсис додааст. Аз Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар Маскав ба хабаргузорӣ иттилоъ додаанд, ки ба ҳайати ҳар кадоме аз дастаҳо корманди хадамоти муҳоҷират шомил хоҳад шуд, ки қонуншиканиҳоро сабт мекунад.

Аъзои дружина ҳамарӯза кӯчаҳои шаҳрро назорату посбонӣ намуда, ҳамчунин ба кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар масъалаҳои санҷиши қайди иҷорагирони манзилҳо ва баргузор кардани рейдҳо ҷиҳати дарёфти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар бозору майдони сохтмон ва корхонаҳо кумак мекунанд. Қайд мешавад, ки аъзои дружина ба боздошти қонуншиканон ҳуқуқ доранд.

Бино ба

маълумоти

портали «Политическое образование», айни замон дар пойтахти Русия ҳудуди 19 ҳазор дружиначиёни халқӣ ба қайд гирифта шудаанд. Онҳо ба кормандони пулис аксар вақт дар таъмини тартибот ҳангоми чорабиниҳои оммавӣ кумак карда, ҷойҳо серодамро назорат ва посбонӣ мекунанд. Барои ин кор дружиначиён маоше намегиранд, вале бо роҳкироҳои ройгон ба нақлиёти шаҳрӣ таъмин карда мешаванд. Фаъолияти дружиначиёни халқии пойтахти Русия тибқи

қонуни

махсус танзим мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.