Ҳукумати шаҳри Маскав дружинаи махсуси халқиеро таъсис дод, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ мубориза мебарад. Дар ин бора роҳбари департаменти амнияти минтақавии шаҳр Алексей Майоров хабар додааст.
Хабаргузории
«Интерфакс»
дар ин робита менависад, ба «дастаи посбонии муҳоҷирон» аллакай 300 нафар қабул шудаанд. Ҳукумати шаҳр барои ин дружина мансаби махсус – сардори ситоди дружинаи махсуси мардумиро таъсис додааст. Аз Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар Маскав ба хабаргузорӣ иттилоъ додаанд, ки ба ҳайати ҳар кадоме аз дастаҳо корманди хадамоти муҳоҷират шомил хоҳад шуд, ки қонуншиканиҳоро сабт мекунад.
Аъзои дружина ҳамарӯза кӯчаҳои шаҳрро назорату посбонӣ намуда, ҳамчунин ба кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар масъалаҳои санҷиши қайди иҷорагирони манзилҳо ва баргузор кардани рейдҳо ҷиҳати дарёфти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар бозору майдони сохтмон ва корхонаҳо кумак мекунанд. Қайд мешавад, ки аъзои дружина ба боздошти қонуншиканон ҳуқуқ доранд.
Бино ба
маълумоти
портали «Политическое образование», айни замон дар пойтахти Русия ҳудуди 19 ҳазор дружиначиёни халқӣ ба қайд гирифта шудаанд. Онҳо ба кормандони пулис аксар вақт дар таъмини тартибот ҳангоми чорабиниҳои оммавӣ кумак карда, ҷойҳо серодамро назорат ва посбонӣ мекунанд. Барои ин кор дружиначиён маоше намегиранд, вале бо роҳкироҳои ройгон ба нақлиёти шаҳрӣ таъмин карда мешаванд. Фаъолияти дружиначиёни халқии пойтахти Русия тибқи
қонуни
махсус танзим мешавад.
