Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи “Осиё” ва “Уқёнус”, ки дар Чин ҷараён дорад, рӯзи 31 март дар даври ниманиҳоӣ дар вазни то 91 кило қувваозмоиро ба муштзани Чин бохт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, ҳамакнун Ҷаҳон боз як шонси ба даст овардани роҳхати олимпиро дорад. Ӯ рӯзи шанбеи 2 апрел барои ҷойи севум бо намояндаи Австралия вориди рақобат мекунад. Агар муштзани тоҷик дар ин қувваозмоӣ пирӯз шавад, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро мегардад.
Гуфта мешавад, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 46 зан ва 180 мард аз 35 кишвар барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Дар сабқати мардон 30 квота ва дар сабқати занон 6 квота ихтисос дода шудааст. Муштзанҳое, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд.


