«Уъсзюй»-и Чин Тоҷикистонро бо Ӯзбекистону Қирғизистон мепайвандад

Ба таъмиру барқарор намудани қитъаҳои афзалиятноки роҳ дар вилояти Суғд Корпоратсияи роҳи оҳани «Уъсзюй»-и Чин машғул мешавад. Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, корпоратсияи мазкур дар тендер оид ба интихоби паймонкор барои амалисозии марҳилаи дуюми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – дар вилояти Суғд (РАОМ-2) ғолиб дониста шуда, ба ҷуз корпоратсияи «Уъсзюй», […]



Ба таъмиру барқарор намудани қитъаҳои афзалиятноки роҳ дар вилояти Суғд Корпоратсияи роҳи оҳани «Уъсзюй»-и Чин машғул мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, корпоратсияи мазкур дар тендер оид ба интихоби паймонкор барои амалисозии марҳилаи дуюми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – дар вилояти Суғд (РАОМ-2) ғолиб дониста шуда, ба ҷуз корпоратсияи «Уъсзюй», дар озмун боз 7 ширкати Чин низ иштирок карданд.

Дар ҳамин ҳол, ширкати «Дохва Инжиниринг Ко., Лтд»-и Ҷумҳурии Корея, ки корхонаи фаръии «Иникос Девелопмент Консалтинг» мебошад, хизмати машваратӣ оид  ба назорати сохтмону таъмиру қитъаи роҳро ба анҷом мерасонад.

Дар баробари «Дохва Инжиниринг Ко., Лтд» дар тендер ширкатҳо аз Олмон, Лубнон, Австралия, Бангладеш ва Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.

Ёдрас мекунем, ки барои амалисозии марҳилаи дуюми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ Бонки ҷаҳонӣ соли гузашта 45 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард, ки он то соли 2020 дар Тоҷикистон татбиқ мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ – дар вилояти Суғд қисмате аз лоиҳаи бузурги беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Барои амалисозии ин барнома ҳукумати Тоҷикистон ба сифати маблағгузории муштарак 9 млн. доллари ИМА ҷудо мекунад.

Марҳилаи дуюми барнома таъмиру барқарорсозии ҳудуди 70 километр роҳҳои алоқаи фаромарзӣ дар Суғдро, ки шабакаҳои роҳҳои Тоҷикистон бо шабакаҳои роҳҳои Ӯзбекистону Қирғизистонро мепайвандад, дар бар мегирад.

Барномаи мазкури бисёрмарҳилавӣ бо ташаббуси кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ шуда, ба беҳбуди алоқаи нақлиётӣ миёни кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин такмили методҳои истифода ва хизматгузории роҳҳо нигаронида шудааст.

Амалисозии марҳилаи аввали барнома ба таъмиру барқарор намудани шабакаи роҳҳои фаромарзӣ дар вилояти Ботканди Қирғизистон, дар марз бо Тоҷикистон сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.