Тағйироти кадрӣ дар мақомоти шаҳрдории пойтахт

Аваз Юлдошев



Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 4 апрел ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масоили омодагӣ ба иҷлосияи навбатии санаи 14 апрел таъиншудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.

Тавре аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» хабар доданд, М.Убайдуллоев ба сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ бобати иҷрои қарор «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» дастуру супоришҳо додааст.

Раиси пойтахт ҳамчунин дастур додааст, ки зимни ивази номи кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳо дар навбати аввал пешниҳодҳои аҳолӣ ва мутобиқати он ба талаботи таъриху фарҳанги миллӣ ба инобат гирифта шавад.

Дар ҷаласа бори навбатӣ масъалаи марбут ба фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт баррасӣ ва ба директори МД «Душанбенақлиётхидматрасон» Абдулҳақ Алиев ва сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт Файзиддин Камолов барои баратраф кардан камбудиҳо дар ин самт як моҳ муҳлат дода шуда, ба онҳо танбеҳи охирин эълон шудааст.

Раиси пойтахт дастур додааст, ки дар муҳлати як моҳ оид ба таъмини ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ бо сарулибоси ягона ва хотима бахшидан ба истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти аудио ва видео дар нақлиёти ҷамъиятӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Зимни ҷаласа дар дастгоҳи раиси пойтахт як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Бо қарори раиси пойтахт, Анвар Шарифов – муовини раиси дастгоҳи мақомоти шаҳрдорӣ Саъдулло Қаюмзода  – мудири шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси пойтахт, Отамурод Бекмуродов – мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон ва Шаҳноза Раҳматуллоева – директори КВД Пажӯҳишгоҳи «Душанбешаҳрсоз» таъин шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.