Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» дар назар аст.
Мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр Рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.
Ҷашни мазкур аз иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар вилояти Суғд ба кор шурӯъ кардаву дар он рӯзи 19 ноябр Эмомалӣ Раҳмон раиси парлумон ва сарвари давлат интихоб шуда буд, сарчашма мегирад.
Бино ба иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов, имрӯз вакилони мардумӣ ҳамчунин масъалаҳои тасдиқи Шартномаи консессияи Маркази барқу гармидиҳии «Шӯроб» миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech International SDN BND», Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи идоракунии воситаҳои Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз 9 июни соли 2009-ро низ баррасӣ мекунанд.





