Як гурӯҳи соҳибкорон ва мутахассисони соҳаи саноати сабуки Русия аз 18-ум то 23-уми апрел бо ҳадафи шиносоӣ бо корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии кишвар ва баррасии масоили ҳамкорӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Сафари мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва дар ҳамкорӣ бо ширкати таҳиякунандаи намоишгоҳҳо – “Текстилэкспо” ва оҷонси хабарии “РИА Мода” баргузор мегардад. Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Ба ҳайъати мазкур шомиланд: Соҳибони корхонаҳо, ки ба хариди риштаи пахтагин, матоъи трикотажӣ ва маҳсулоти дигари нассоҷиву дӯзандагӣ таваҷҷуҳ доранд, намояндагони ширкатҳои хариди яклӯхт ва шабакаҳои тиҷоратӣ, ки ба аутсорсинги истеҳсолотӣ алоқаманданд, намояндагони ширкатҳои фурӯши таҷҳизоти нассоҷӣ, ва намояндагони ширкати “Текстилэкспо” ва оҷонси хабарии “РИА Мода”.
Барномаи сафар аз Хуҷанд шурӯъ шуда, он ҷо ҳайъати Русия бо корхонаҳои «Нассоҷи Хуҷанд», «Ортекс», «Раҳимов А.А.», «Лидер», «РБТ Тоҷикистон» ва «Фирӯз» шинос мешавад. Меҳмонон, ҳамчунин, дар Истаравшан аз «Ноҳид», дар Мастчоҳ аз «Олим Текстайл», дар Ёвон аз «ХИМА-Текстил» ва «Ваҳдат», ва дар шаҳри Душанбе аз «Нафиса», «Гулистон», «Ёқут-2000» дидан карда, бо рафти истеҳсолот ва шароити корӣ дар корхонаҳо шинос мешаванд. Ҳамчунин, мулоқот бо намояндагони Вазоратҳои марбута ва Ҳукумати вилояти Суғд, дар назар буда, рӯзи 22-юми апрел вохӯрии васеъи кории намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Сафари кории мазкур бо назардошти алоқамандии бузурги соҳибкорони Русия ба истеҳсолкунандагони Тоҷикистон, ки дар Ҳамоиши тиҷоратии Русия – Тоҷикистон/Қирғизистон дар шаҳри Маскав аз 16-уми феврали соли ҷорӣ нишон дода шуд, баргузор мегардад.
Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.





