Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ доир гардид.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласаи корӣ ду масъала-натиҷагирии иҷрои Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» ва масъалагузории Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 марти соли 2016 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода оид ба натиҷаи иҷрои Қарори Ҳукумати ҶТаз 30 апрели соли 2015 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» гузориш дод.
Ба иттилои манбаъ, сипас роҳбарон, мутасаддиёни Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати молияи ҶТ, Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо гузориш доданд.
Зимнан зикр мегардад, ки муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҷаласаи кориро ҷамъбаст намуда, ба масъулин ҷиҳати тақвияти омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дастуру супоришҳои мушаххас дод.



