Дар Ӯзбекистон корманди милитсия бонкро ғорат кард

– Як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятпеша бо роҳбарии корманди милитсия ба шуъбаи «Микрокредитбанк» дар яке аз ноҳияҳои вилояти Хоразми Ӯзбекистон ҳамла оварда, 45 халтаи пул ба маблағи умумии беш аз 16 млн. сӯм (каме бештар аз 2600 доллари ИМА)-ро ғорат кардааст, – хабар медиҳад Озодлик. Як манбаъи наздик ба раҳбарияти «Микрокредитбанк» ба Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ […]

ASIA-Plus



– Як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятпеша бо роҳбарии корманди милитсия ба шуъбаи «Микрокредитбанк» дар яке аз ноҳияҳои вилояти Хоразми Ӯзбекистон ҳамла оварда, 45 халтаи пул ба маблағи умумии беш аз 16 млн. сӯм (каме бештар аз 2600 доллари ИМА)-ро ғорат кардааст, – хабар медиҳад Озодлик.

Як манбаъи наздик ба раҳбарияти «Микрокредитбанк» ба Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ дар ин робита хабар додааст, ки ғоратгарон бештар ба бинои шуъбаи бонк зарар расонида, панҷараи қафои бино дар ошёнаи якум, дастгоҳи бонгдиҳӣ (сигнализатсия), сейф ва дигар чизҳои ба дасташон афтодаро шикаставу корношоям ва хароб кардаанд.

Гуфта мешавад, ин ҷиноят базудӣ ошкор шуда, ҳамаи 45 халтаи пул ба бонк баргардонида шудааст ва акнун ғоратгаронро то 16 соли ҷазои маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

Қайд мешавад, ки ин ҳодиса бори дигар ба камбуди пули нақд дар бонкҳои Ӯзбекистон гувоҳӣ дода, шикояти шаҳрвандони кишвар ба ВАО дар бораи мавҷуд набудани пули нақд барои пардохти маош дар иншооти бузурги стратегӣ ва нафақа хеле зиёд аст.

Қаблан дар арзу шикоятҳо зикр гардида буд, ки аксари шаҳрвандони Ӯзбекистон пулҳои аз хориҷи кишвар аз ҷониби наздиконаш интиқолшударо дар бонкҳо дастрас карда наметавонанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.