Баррасии равандҳои муҳими ҳамкорӣ миёни ИА ва Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 21 апрел мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти роҳбарии намояндаи махсуси он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ равандҳои муҳимми ҳамкорӣ  миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ баҳри такмил […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе рӯзи 21 апрел мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти роҳбарии намояндаи махсуси он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ равандҳои муҳимми ҳамкорӣ  миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ баҳри такмил ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои минтақавӣ, амниятӣ, обу нерӯ ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ар мулоқот сардори Раёсати мутобиқати рушди Комиссияи Аврупо Йобст фон Кирчман, мудири Шӯъбаи мутобиқати ҳамкорӣ дар соҳаи рушди ИА Филберто С.Себергонди, мудири Шӯъбаи оид ба пешгирии низоъ, пуштибонии сулҳ ва васотати ИА М.Василевск, мудири Шӯъбаи Осиёи Марказии ИА Беренис Мурайле, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Сафир Хидайет Бишчевич ва дигар аъзоёни ҳайат низ ҳузур доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.