Ҷоизаи пулии сарпараст ба Комроншоҳи Устопириён

Дар Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон ба паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии дзюдои Осиё дар Тошканд унвони қаҳрамониро ба даст овард, 10 ҳазор сомонӣ ҷоизаи пулӣ доданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти КМО Тоҷикистон, ин ҷоизаро ба Комроншоҳ рӯзи 21 апрел Акбар Ғуломов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳамзамон […]

ASIA-Plus



Дар Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон ба паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии дзюдои Осиё дар Тошканд унвони қаҳрамониро ба даст овард, 10 ҳазор сомонӣ ҷоизаи пулӣ доданд.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти КМО Тоҷикистон, ин ҷоизаро ба Комроншоҳ рӯзи 21 апрел Акбар Ғуломов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳамзамон раҳбари ширкати “Ғаюр” супурд, ки сарпарасти кулли КМО Тоҷикистон мебошад.

Гуфта мешавад, дарёфти ҷоизаи пулии Комроншоҳ бо ин хатм нашуда, бар асоси меъёрҳои талаботи ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, Комроншоҳро барои медали тиллои қаҳрамонии Осиё ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ мукофоти раисиҷумҳур низ интизор аст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар маросими супурдани ҷоизаи молӣ ба паҳлавони тоҷик Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуфтааст, ки Комроншоҳи Устопириён аввалин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст.

Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар ин маросим иброз доштааст, Комроншоҳи Устопириён ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шуда, онҳо боз як-ду роҳхати олимпиро аз гуштигирони худ чашмдоранд.

Инчунин, дар ин маросим Комроншоҳро бо пирӯзиаш Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, муборакбод кардааст.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 15-16 апрел дар Тошканд – пойтахти Узбакистон – баргузор шуд, паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 килограмм

ҳамаи рақибонашро шикаст дода

, соҳиби медали тилло шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,