Ҷавонзане дар маркази пойтахт худро оташ зад

Зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон – Нигина Маҳмадалиеваи 30-сола шоми рӯзи 21 апрел дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе ба сарулибосаш бензин рехта, худро оташ зад. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, байни ҷавонзан ва ҳамзисташ – сокини 38-солаи шаҳри Душанбе Мансур Сафарзода бар асари рашк ҷагнҷолу муноқиша рух дода, ин ба […]

ASIA-Plus



Зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон – Нигина Маҳмадалиеваи 30-сола шоми рӯзи 21 апрел дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе ба сарулибосаш бензин рехта, худро оташ зад.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, байни ҷавонзан ва ҳамзисташ – сокини 38-солаи шаҳри Душанбе Мансур Сафарзода бар асари рашк ҷагнҷолу муноқиша рух дода, ин ба оташзании ҷавонзан сабаб шудааст.

Гуфта мешавад, ин ҳодисаи ба худкушӣ даст задани ҷавонзан дар макони ҷойи кори ҳамзисташ ба вуқӯъ пайвастааст.

Қайд мешавад, ки кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳодисаи мазкур огоҳ шуда, фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир ва дар якҷоягӣ бо шаҳрвандон  Маҳмадалиева Нигинаро аз марг наҷот доданд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ҷавонзан бо ҷароҳатҳои қисман сӯхтагии бадан дар беморхонаи №3 бистарӣ гардида, вазъи саломатиаш мӯътадил ва ба ҳаёташ хатар таҳдид намекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.