Тоҷикистону АМА дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 21 апрел ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Раёсати ҳайати тоҷикистониро Қодири Қосим – раиси Кумитаи мазкур ва Раёсати ҳайати АМА-ро Холид Ғоним […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе рӯзи 21 апрел ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор гардид.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Раёсати ҳайати тоҷикистониро Қодири Қосим – раиси Кумитаи мазкур ва Раёсати ҳайати АМА-ро Холид Ғоним ал – Ғайс – муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии ин кишвар ба уҳда доштанд.

Қодири Қосим қайд кард, ки ҳамкориҳои барои ҳарду кишвар судманд ҳамвора густариш меёбад. Ӯ таъкид дошт, ки cафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба АМА ва дидору мулоқотҳо бо роҳбарияти воломақоми ин кишвар дар моҳи марти соли ҷорӣ саҳифаи наверо дар муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо боз намуд.

Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва АМА дар соли 2015-ум  43,1 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст, ки аз он 1,6 млн. доллари амрикоиро содирот ва 41,5 млн. доллари амрикоиро воридот ташкил дода, ҳоло дар Тоҷикистон 14  корхонаи муштарак бо Аморот ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин изҳор шудааст, ки дар ояндаи наздик як силсила иқдомҳои ҳадафманд дар бахшҳои гидроэнергетика, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти хушкмева, сабзавоти тару тоза, бунёди инфрасохтору рушди соҳаи туризм, истифодаи пурсамари имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга, ашёи хоми стратегӣ ва дигар неъматҳои моддии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.