Таварруми пасттарин дар Тоҷикистону Русия миёни кишварҳои ИДМ

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистону Русия сатҳи таварруми пасттарин ба қайд гирифта шудааст. Сардори шуъбаи нархи Агентии омори назди президенти ҶТ Абдухалил Наҷибуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли се моҳи соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистону Русия – 2,1%-ӣ, Қазоқистон – 3%, Беларус – […]

ASIA-Plus



Семоҳаи аввали соли ҷорӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистону Русия сатҳи таварруми пасттарин ба қайд гирифта шудааст.

Сардори шуъбаи нархи Агентии омори назди президенти ҶТ Абдухалил Наҷибуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли се моҳи соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистону Русия – 2,1%-ӣ, Қазоқистон – 3%, Беларус – 5,7% ва дар Арманистон танҳо дар моҳи феврал – 2,2%-ро ташкил додааст.

Ба гуфтаи Наҷибуллоев, аз оғози соли равон дар Тоҷикистон бештар нархи себ – 19,3%, нахӯд – 12,1%, картошка – 11,7%, чои кабуд – 10,9%, пиёз – 9,0%, шакар – 8,3%, равғани растанӣ – 7,9%, равғани маска – 5,4%, арақ – 2,2% ва гӯшти гов – 1,8% боло рафтааст.

Дар байни маҳсулоти ғайриғизойӣ тӯли се моҳи аввали соли ҷорӣ бештар дорувории тиббӣ – 9,6%, матоъи абрешимӣ – 6,7%, хамираи дандоншӯӣ – 5,3% ва пойафзоли занонаи чармин – 4,2% қимат шудаанд.

Аз оғози соли 2016 нарху тарифҳо ба хизматгузориҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар маҷмӯъ 4,3% афзудаанд, аз ҷумла арзиши сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 1,9 баробар, нархи сафар бо нақлиёти роҳи оҳан – 5,8%, хизматгузориҳои дармонгоҳӣ (амбулаторӣ) – 1,9% зиёд шуда, дар баробари ин, нархи гази моеъ 5,1% поин рафтааст.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 дар як қатор кишварҳои узви ИДМ сатҳи баланди таваррум ба мушоҳида расид. Ҳамин тариқ, соли 2015 мизони таваррум дар Украина – 143,3%, Молдова – 13,6%, Қазоқистон – 13,6%, Русия – 12,6%, Беларус – 12,0%, Озарбойҷон – 7,6%, Тоҷикистон – 5% ва Қирғизистон – 3,4%-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1992 – Дар маркази Душанбе дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гирдиҳамоиҳои худҷӯш баргузор шуданд. Соли 1996 – Аввалини шумораи ҳафтаномаи хусусии “Чархи...

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.