Бо дархости зиёди мизоҷон, Бонки Эсхата мӯҳлати Аксияи “Дастгирӣ”ро ки санаи 1 уми январи соли ҷорӣ бо мақсади дастгирии соҳибкорон эълон шуда буд, дароз намуд.
Хотиррасон мекунем, ки дар чаҳорчӯбаи Аксия Бонк қарзҳои бозтамвилро аз рӯи шартҳои кулай ба мӯҳлати дарозтар пешниҳод дорад.
Дар рафти Аксия маблағҳои қарзӣ танҳо барои мизоҷоне, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мақсади қарз барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст, пешниҳод гардида истодааст.
Аз ин рӯ соҳибкорону тоҷиронро давъват мекунем, ки агар ба чунин вазъият дучор омада бошанд, аз Аксияи мазкур истифода баранд, зеро шартҳои он осону қулай буда, воқеан ҳам дар ин давра дастгирии амалӣ шуда метавонад.
Хотиррасон карданием, ки Аксияи мазкур яке аз чораҳои зиддибӯҳронӣ мебошад, ки маҳз барои осон намудани мушкилии мизоҷон, шаҳрвандоне ки аз ташкилотҳои қарзӣ қарздоранд равона карда мешавад.





