Тоҷикистонӣ гумонбари асосӣ ба куштори бераҳмона дар Самара



Дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Русия акси гумонбари асосӣ ба куштори 6 нафар дар вилояти Самара нашр шудааст. Бино ба маълумоти тафтишот, ин шахс зодаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аҳмадов будааст. Айни замон ӯ мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, мақомоти тафтишот аз эҳтимол дур намедонанд, ки Аҳмадов аллакай Русияро тарк карда, дар Тоҷикистон қарор дорад.

Дар маълумоти ВКД Русия аз ҷумла қайд мешавад, ки «Аҳмадов Маҳмадалӣ Баротович, соли таваллуд 17.03.1993, зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик. Қадаш 165-167 см, тануманидаш миёна аст».

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишоти Русия, Маҳмадалӣ Аҳмадов ба гурӯҳи ҷиноятпеша роҳбарӣ карда, ин гурӯҳ шаби 24 апрел ба манзили падари Андрей Гошт, муовини сардори Раёсати корҳои дохилии Русия дар вилояти Самара, воқеъ дар деҳаи Ивашевкаи ноҳияи Сизран ҳамла мекунанд. Гуфта мешавад, ин гурӯҳро ӯ таъсис дода, ҳамла ба хонаи афсари воломақоми пулисро низ ӯ тарҳрезӣ намудааст ва аъзои ин гурӯҳ бо мақсади ғорат ба ин хона ҳуҷум кардаанд.

Нисбати се нафар гумонбарони рӯзи 1 май дар робита ба ин ҷиноят боздоштшуда – зодагони Озарбойҷон: Роман Фаталиев, Ислом Бобоев ва Орхан Ширалӣ-уғлӣ Зоҳрабов чораи ҷазои муҳлати ду моҳи ҳабс татбиқ мешавад.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, мақомоти тафтишот гуфтаанд, Маҳмадалӣ Аҳмадов ва шариконаш ду рӯз қабл аз ҳамла дар як қаҳвахонаи воқеъ дар бозори “Шанхай”-и Самара нақшаи ҳамла ба манзили Гоштро кашидаанд. Орхан Зохрабов дар додгоҳ гуфтааст, ки онҳо ибтидо қасди куштани соҳибони хонаро надоштанд, вале вақте диданд, ки онҷо на 2 нафар, балки 7 нафаранд, аз тарс ҳамаро куштаанд.

Ёдрас мекунем, ки ин воқеаи даҳшатбор шаби 24 апрел рух дода, субҳи рӯзи дигар бародари ҳалокшуда хешони худро дар катҳои хобашон кушта дарёфт. Танҳо ҷияни полковник – духтарчаи хурдсол Софя ҷон ба саломат бурда, айни замон дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ аст.

spot_imgspot_img

Популярное