Ҷустуҷӯи нафту газ дар 25%-и қаламрави Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев



Беш аз 25%-и қаламрави Тоҷикистон (34,6 ҳазор метри мураббаъ)-ро заминҳое ташкил медиҳанд, ки барои ҷустуҷӯи маҳсулоти нафту газ мувофиқ дониста мешаванд.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки то имрӯз дар қаламрави кишвар 25 конҳои таркибашон иборат аз нафту газ кашф ва дарёфт шуда, гузашта аз ин, боз 40 майдони ояндадори нафту газ дар марҳилаи омӯзиш қарор доранд.

Тибқи маълумоти гузориши ахири Тоҷикистон оид ба Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ, майдонҳои ояндадори нафту гази ҷумҳурӣ дар минтақаи ҷанубу ғарб ва шимоли Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Захираҳои ашёи хоми маҳсулоти нафту газ (углеводород) 1033,76 млн. тонна сӯзишвории шартӣ, аз ҷумла 857 млрд. м3 газ, 117,6 млн. тонна нафт ва 36 млн. тонна гази конденсат арзёбӣ мешаванд.

Ба масъалаҳои ҷустуҷӯ ва кашфи конҳои нафту газ дар минтақаи ҷанубу ғарби  Тоҷикистон корхонаҳои зерин машғуланд: КВД «Нафту газ» дар кони нафти Патинак; ҶДММ «Салоса» дар кони Миёнборик, Сафедтеппа, Қуми Ҷанубӣ; ширкати «Кӯлоб Петролем Лимитед» дар кони Усунихор, Пушёни Ҷанубӣ; ҶДММ «Азизӣ» дар кони Шоҳамбарӣ; ҶСП «Ҳасан ва С» дар кони Селдузд.

Дар минтақаи шимоли кишвар ҶДММ «Петролеум Суғд» дар 11 кон ба ҷустуҷӯ ва кашфи нафт машғул аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.