Зиёрати макони муқаддаси Ислом барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли равон 28 ҳазору 649,1 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод, ки бо қурби ҳозира ба беш аз 3,5 ҳазор доллари ИМА баробар аст. Дар ин бора рӯзи 6 май Кумита оид ба корҳои дини назди ҳуккмати ҷумҳурӣ расман маълумот интишор намуд.
Дар муқоиса бо соли гузашта арзиши ҳаҷ ба беш аз 5 ҳазор сомонӣ афзуда, дар Кумита изҳор медоранд, ки нархи сафар ба макони муқаддаси Ислом бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст.
Бино ба маълумоти Кумита, маблағи мазкур барои пардохти маблағи чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, маблағи иқоматгоҳҳои муваққатии зист дар шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт хӯроки гарм, пардохти боҷи шоҳӣ (авоид), пардохти маблағи қурбонӣ, хизматрасонии иловагӣ дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи кумаки аввалияи тиббӣ, маблағ барои эмгузаронӣ, маблағ барои хизматрасонии роҳбаладон, гурӯҳи корӣ ва ҳайати табибон, маблағи суғуртаи ҳаҷравандагон, маблағ барои таҳия ва харидории ҷомадон, сумкаи дастӣ бо рамзҳои Тоҷикистон барои ҳоҷиён, роҳбаладон, гурӯҳи корӣ ва табибон, инчунин барои ба роҳ мондани дарсҳои омӯзишӣ барои ҳоҷиён қабл аз мавсими ҳаҷ истифода мешавад.
Дар маълумот зикр мегардад, ки ҳарчанд аз сабаби бо асъори хориҷӣ (доллари амрикоӣ) ба роҳ монда шудани ҳамаи қарордодҳо бо ширкатҳои хизматрасони Арабистони Саудӣ ва нисбатан боло рафтани қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон, нархи хизматрасониҳо бо пули миллӣ дар соли ҷорӣ нисбатан боло рафта бошад ҳам, дар маҷмӯъ, арзиши имсолаи хизматрасониҳои мавсими ҳаҷ нисбат ба соли гузашта бо ҳисоби асъори хориҷӣ бетағйир боқӣ монда, мисли соли гузашта 3 ҳазору 584 долларро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта беш аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён маросими ҳаҷро адо намуданд. Дар робита ба афзоиши шумори хоҳишмандони адои маросими ҳаҷ, ҳукумати Тоҷикистон соли 2015 барои зойирин маҳдудияти синнусолӣ ҷорӣ карда, акнун танҳо аз синни 40-солагӣ метавон ба адои маросмим ҳаҷ раҳсипор шуд.
Кумита оид ба корҳои дини ҷумҳурӣ ҳамасола аз Арабистони Саудӣ зиёд кардани шумори квотаҳо барои ҳаҷ то 8 ҳазор нафарро дархост мекунад, зеро имрӯз шумори аҳолии Тоҷикистон қариб ба 8,5 млн. нафар расида, квота аз ҳисоби як ҳаҷкунанда ба ҳазор нафар аҳолии мусалмони кишвар (дар Тоҷикистон – беш аз 90%-и аҳолӣ мусалмон) муқаррар карда мешавад, вале Арабистони Саудӣ алҳол ба зиёд кардани квота шитоб надорад.



