Роҳандозии барномаи беҳбуди саводнокии молиявии аҳолӣ дар «Спитамен Бонк»

Иттилоияи расмӣ



ҶСП “Спитамен Бонк” барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолиро ба роҳ мемонад. Мақсади ин барнома дар рушди сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, бо роҳи гузаронидани тренинг ва семинарҳои кушод, чопи матлаб дар ВАО ва сомонаҳои интернетӣ, инчунин тариқи дастгирии чорабиниҳои барои инкишофи маълумотнокии аҳолӣ доир ба молияи шахсӣ мебошад.

Самтҳои асосии барнома баланд бардоштани саводнокии молиявии талабагони синфҳои болоӣ, беҳбуди саводнокии молиявии донишҷӯён, ва аҳолии баркамол мебошад.

Барои ҳар яке аз ин самтҳо барномаҳо ва модулҳои мутобиқшуда, ки талабот ва махсусияти аудиторияи ҳадафиро дар назар мегиранд, тайёр карда мешаванд.  

Чунонки доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини аввали раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Банк” Ҳикматов С.У. иброз дошт: “Саводнокии молиявӣ – ин заруриятест, ки бо тақозои шароити замона пайдо гардидааст. Таҷрибаи давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ рушдкарда нишон медиҳад, ки шахс бояд аз хурдӣ саводи молиявӣ дошта бошад. Маҳз барои ҳамин, дар раванди омӯзишии давлатҳои рушдёфта фанҳои ба саводнокии молиявӣ марбут дохил карда шудаанд”.

Тренингҳо ва семинарҳо барои талабагони синфҳои боло ёрӣ мерасонанд, ки онҳо соҳиби донишҳои асосӣ гарданд ва сутунҳои саводнокии молиявиро аз бар кунанд. Ба донишҷӯён ва аҳолии баркамол саводнокии молиявӣ имконият медиҳад, ки доир ба маҳсулоти бонкӣ бештар маълумот пайдо намоянд ва инчунин дониши заруриро барои идораи буҷети оилавӣ пайдо кунанд.

“Спитамен Бонк”  мақсад дорад, ки ба беҳбудии аҳолӣ бо роҳи омӯзиши истифодаи дурусти воситаҳои молиявӣ ва маҳсулоти бонкӣ мусоидат карда, инчунин ба паст шудани сатҳи камбизоатӣ тариқи омӯзонидани истифодаи самараноки буҷети оила саҳми худро гузорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.