Сокини пойтахт аз шиносҳояш бо фиреб 66 ҳазор $ гирифт

ASIA-Plus



Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон нисбати сокини 58-солаи шаҳри Душанбе аз рӯи далелҳои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Ӯ ҳадди ақал дар се ҳолати фиреби одамон – сокинони Душанбе ва ноҳияи Варзоб гумонбар дониста мешавад.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, ӯ бо роҳи фиреб ба боварии шиносҳояш даромада, моҳи майи соли 2013 аз сокини 57-солаи пойтахт 26 ҳазор доллари ИМА гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

«Бо ҳамин восита ӯ аз сокини 51-солаи ноҳияи Варзоб – 20 ҳазор ва зани 37-солаи сокини пойтахт – низ боз 20 ҳазор доллари ИМА «қарз гирифта», онҳоро низ то ҳанӯз барнагрдонидааст ва маблағи умумии гӯё қарзи гирифта аз шиносҳояш 66 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – омадааст дар маълумоти ВКД Тоҷикистон.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.