Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маълумот доир ба гӯё боздошти 12 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар Маскав ба гумони иштирок дар омодасозии амалҳои террористӣ дар минтақаи гирду атрофи Маскавро рад кард. Дар ин бора ба хабаргузории
ТАСС
муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров иттилоъ додааст.
Ӯ маълумоти чанде аз ВАО дар бораи мансубияти миллии террористони эҳтимолии аз ҷониби ҳамтоҳои русиягӣ боздоштшударо чунин шарҳ додааст: «Маълумоте мавҷуд аст, ки миёни боздоштшудагон шаҳрвандони дигар кишварҳо ҳузур доранд», – гуфтааст ӯ.
Намояндаи мақомоти амнияти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки пас аз санҷиши дақиқ ба хулоса расидаанд, ки боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи чоршанбе Хадамоти федералии амнияти Русия дар бораи боздошти шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ дода буд, ки «бо дастури роҳбарони созмонҳои байнулмилалии террористии дар қаламрави Сурия ва Туркия амалкунанда» дар гирду атрофи шаҳру вилояти Маскав ба омодасозии амалҳои террористӣ машғул будаанд.



