Аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ рӯзи 5 май тағйироту илова ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.
Раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд кард, ки тағйироту иловахои тасдиқшуда ба нафъи ҷомеа ва рушди кишвар нигаронида шудаанд. «Ман муътақидам, ки ин тағйироту иловаҳо ба муттаҳид шудани мардуми Тоҷикистон атрофи Пешвои миллат мусоидат мекунанд», – гуфт Убайдуллоев.
Мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, ки рӯзи 15 апрел палатаи поёнии парлумон қабул кард,, ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр Рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад.
Он замон раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита изҳор карда буд, ки ҷашни мазкур аз 15 ноябри соли 1994 сарчашма мегирад.
«Санаи 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул шуда, ҳамон рӯз маъракаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ доир гардид ва президенти интихобшуда Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 ноябри ҳамон сол савганди салоқат ба Ватан ёд кард», – иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, аз ин рӯ, ба хотири эҳтиром гузоштан ба ин рӯзи таърихӣ минбаъд дар Тоҷикистон ин сана ҳамчун Рӯзи президенти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Зимнан зикр гардида буд, ки чунин ҷашн дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. «Санаи 16 ноябрро дар Тоҷикистон эълон кардани ҷашни Рӯзи президент тасдиқи далели таърихист», – изҳор дошта буд Шукурҷон Зуҳуров.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 79 рӯз ҳамчун ид ҷашн гирифта шуда, 10 рӯзи онҳо рӯзҳои ғайрикорӣ аст. Ҷашни Рӯзи президент низ бидуни рӯзи истироҳат аст.



