Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров пагоҳ, 17 май ба шаҳри Санкт-Петербург сафар карда, он ҷо санаи 20 май дар кори иҷлосияи баҳории Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ (АБП ИДМ) иштирок мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар доираи ин чорабинӣ ҷаласаҳои комиссияҳои доимии АБП ИДМ оид ба омӯзиши таҷрибаи давлатдорӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, оид ба маосили сиёсӣ ва ҳамкории байнулмилалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш, оид ба масоили ҳуқуқӣ ва ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои АБП ИДМ ва Форуми IV байнулмилалӣӣ «Дурнамои иқтисодии авруосиёӣ» баргузор мешаванд.
Ҳамчунин зимни кори иҷлосияи ҷаласаи 44-уми пленарии АБП ИДМ доир мегардад.
Дар иҷлосия роҳбарони як қатор созмонҳои байнулмилалии шарик, ки беш аз 200 кишвари ҷаҳонро мутта
ҳ
ид мекунанд низ иштирок мекунанд.





