Суди Шербинскии Маскав дар бораи ихроҷи 7 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Русия, ки дар занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованское ҳузур доштаанд, қарор қабул кард.
Хабаргузории
ТАСС
дар ин робита менависад, 15 май бо қарори суд 7 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Русия хориҷ карда шудаанд. «Ҳамаи онҳо ба риоя накардани қоидаҳои вуруд ё будубош дар қаламрави ин кишвар гунаҳкор дониста шуда, пас аз ҳодисаи занозании оммавӣ дар қабристони Хованское боздошт шуда буданд», – иброз доштааст сухангӯи суд Светлана Бехтина.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки суди Шербинскии Маскав рӯзи 17 май ба 22 нафар иштирокчиёни занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав
ба муҳлати 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ
ҷазо таъин кард. Аз ин шумор ду нафар қонуншиканон шаҳрвандони Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Дар ҷараёни ин моҷаро се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуда, ҷасади Сӯҳроб Хушакови 26-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола субҳи 18 май тавассути ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”
ба Душанбе оварда шуд.
Вобаста ба қазияи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони фавтидагон
изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намуд.
Рӯзи сешанбе сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ иттилоъ дод, ки аз 110 нафар шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар робита ба ин қазия 87 нафар раҳо шуда, 10 нафар тоҷикистониён то ҳанӯз дар муассисаҳои тиббӣ бистарианд. Се тан аз онҳо дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.





