Даъвати раиси Кумитаи занон ба худдорӣ аз сарулибоси бегона



Дар машварати навбатии рӯзи 24 май раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Идигул Қосимзода аз занони ҷумҳурӣ даъват кард, ки аз пӯшидани сарулибоси барои тоҷикон бегона худдорӣ варзида, сарулибоси занонаи миллиро тарғиб намоянд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи мазкур, дар машварат намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муовинони раиси шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ, роҳбарони корхонаҳо, бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Раиси Кумита ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои фурӯши маводҳои тарғибкунанда ба фарҳанги бегона таъкидҳо намуда, аз ҳозирини машварат  даъват ба амал овард, ки ба либоспӯшии кормандон ҳангоми ҳозиршавӣ ба ҷои кор, алалхусус ба пешгирии пӯшидани сару либоси бегона аз ҷониби занону духтарон назоратро пурзӯр намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное