Дар Тоҷикистон иди касбии дипломатҳо ҷорӣ мешавад



Ҳукумати Тоҷикистон тағйироту илова ба қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи тағйироту илова, дар ҷумҳурӣ эълони иди нав – Рӯзи дипломат ва ҷашнгирии он ҳамасола санаи 29 сентябр пешниҳод шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар сурати қабули пешниҳод, иди касбии дипломатҳои тоҷик бидуни рӯзи истироҳат ҷашн гирифта хоҳад шуд.

spot_imgspot_img

Популярное