Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 июн, бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, Нуралӣ Саидзода аз вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикиситон озод карда шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ба ин вазифа Абдукарим Абдуалимзода таъин шудааст.
Ғайр аз ин, дар робита ба кори дигар гузаштан Абдуллоҳ Ҳакимзода аз мансаби сардори Раёсати ташхиси давлатии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҶТ озод шуда, ба ҷойи ӯ Суҳроб Саъдуллозода ба ин вазифа таъин шудааст.





