Ҳамдарии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 июн ба президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардумро бар асари ҳамлаи фоҷеабори террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатюрки шаҳри Истамбул бо андӯҳи бузург дарёфтам».

«Мо ин амали ғайриинсонии ифротиён ва ҳама гуна зуҳуроти терроризмро, ки аслан на дин дораду на ватану на миллат, қатъиян маҳкум намуда, бо нигаронии шадид зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср  боз ҳам таъкид менамоем», – омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон ҳамдардиву тасаллияти амиқи худро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, зикр мекунад, ки хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ахири ВАО-и Туркия, шумори қурбониёни амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатюрки шаҳри Истамбул ба 41 нафар расида, миёни фавтидагон 13 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Аз таркишҳо дар маҷмӯъ 239 нафар осеб дида, 128 нафари онҳо дар бемористонҳо бистарӣ ва 40 нафари ҷароҳатбардоштагон дар шуъбаҳои эҳёгарии бемористонҳо қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи сешанбе дар қисматҳои пешвози хатсайрҳои байнулмилалӣ ва дохилии фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул

таркишҳо ба вуқӯъ пайваста

, ба талафоти зиёди ҷонӣ боис шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ 

изҳор намуд

, ки миёни осебдидагон дар амалҳои террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбули Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

spot_imgspot_img

Популярное