Густариши доираи имкониятҳои хизматрасонии Бонки Эсхата



Бонки Эсхата доираи имкониятҳои хизматрасонии Интернет – бонкро васеъ мегардонад, ки барои мустақилона иҷро намудани амалиётҳо боз ҳам мусоидат менамояд.

Акнун истифодабарандагони Интернет –бонк метавонанд амалиётҳои пурра кардани кортҳои локалии Бонки Эсхатаро ба осонӣ иҷро намоянд.

Дар менюи асосии саҳифаи Интернет-бонк тугмачаи «Перевод на карту»-ро дарёфт карда, сипас суратҳисоб ё корти лозимаро интихоб кунед ва дар ҳолати онлайн бо ишораи ПАН рақами корт амалиётро иҷро кунед.  

Маблағҳои худро бо истифода аз амалиётҳои Интернет-бонки Бонки Эсхата мустақилона идора намоед.

spot_imgspot_img

Популярное