Иштироки дабири кулли СҲШ Рашид Олимов дар кори намоишгоҳи тиҷоратии Чин



Ҳайати Созмони ҳамкории Шанхай таҳти роҳбарии дабири куллли Созмон Рашид Олимов рӯзҳои 7-8 июл дар кори Намоишгоҳи 22-юми савдо ва сармоягузории Ланчжоуи Чин ширкат варзид.

Бино ба иттилои котиботи СҲШ, мавзӯи намоишгоҳ ба иқдомҳои муштараки амалӣ ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ намудани стратегияи «Як камарбанд, як роҳ» бахшида шудааст.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ Рашид Олимов изҳор намудааст, ки густариши робитаҳои иқтисодӣ яке аз самтҳои калидии ҳамкорӣ дар доираи СҲШ буда, ин бори дигар дар нишасти ҷашнии СҲШ дар Тошканд тасдиқ шуд.

Гуфта мешавад, дар маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур аз 33 кишвари дунё ва 4 созмони байнулмилалӣ меҳмонон ҳузур доштаанд.

spot_imgspot_img

Популярное