Сатҳи таварруми нимсола дар Тоҷикистон 3,1%-ро ташкил дод



Нимсолаи аввали соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 3,1%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи июни соли ҷорӣ мизони таваррум ба 0,3% баробар шудааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, сатҳи таварруми солона (давоми 12 моҳи ахир) дар охири моҳи июн 5,5%-ро ташкил додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

spot_imgspot_img

Популярное