Вохӯрии С.Аслов бо роҳбари навтаъини UNHCR дар Тоҷикистон



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 11 июли соли 2016 роҳбари навтаъйини Дафтари СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Вито Траниро ба ҳузур  пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо таҳким ва густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва UNHCR-ро роҷеъ ба пешбурди масъалаҳои марбут ба паноҳандагон ва шахсони бешаҳрвандӣ ва дигар мавзӯъҳои таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

spot_imgspot_img

Популярное