Қадрдонии Гулназар Келдӣ бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо



Шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи Гимни Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ шуд.

Дар ин бора хабаргузории

TojNews

бо такя ба маълумоти Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар Фейсбук иттилоъ медиҳад. 

Ато Мирхоҷа навиштааст: «Бо қарори Палатаи Аврупо (Evrochambres.org) аз 17 майи соли 2016 Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ карда шуд».

Ба иттилои манбаъ, ҷоизаи олии Аврупо ба тариқи ройгон барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дода мешавад. Ҳамзамон ба ғолиби ҷоиза шаҳодатномаи Палатаи Аврупо тақдим карда мегардад, ки дорои шакли шиноснома буда, аз 14 саҳифа иборат аст ва ба ӯ ҳангоми сафар ба хориҷа имтиёз медиҳад.

Зикр мегардад, ки ҳуҷҷати мазкур тамоми мансабдоронро вазифадор менамояд, ки ба соҳиби шаҳодатнома кумак ва мусоидати ҳамаҷониба намоянд.

Гуфта мешавад, соли равон дар қатори Гулназар Келдӣ ба ин мукофот олимони машҳур академикҳо Элеонора Крилатих, Зурат Серетели ва Лев Бокерия низ сарфароз гардонида шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное