Академияи илмҳо амали масъулони ҲНИТ дар Туркияро маҳкум кард



Котиби матбуотии Академияи илмҳои Тоҷикистон Шервони Умриддин рӯзи 27 июл маълумотеро интишор намуд, ки дар он дастгирии ҳукумати расмии Туркия аз ҷониби Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ маҳкум мешавад.

Маълумоти зикршударо манзуратон мегардонем:

 «Санаи 16-уми июли соли ҷорӣ як қисми низомиёни Туркия кӯшиш карданд, ки бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ ҳокимиятро ба даст оранд, вале ноком шуданд. Албатта, ин кори дохилии Туркия аст ва таърих нишон хоҳад дод, ки амалҳои Урдуғон ва ё мухолифони ӯ то куҷо дуруст буданд. Коршиносон ин амали низомиён ва ҳукуматдорони Туркияро таҳлил намуда, хулосаи дақиқи худро манзури ҷаҳониён хоҳанд кард.

Вале як тӯда пайравони ташкилоти мамнӯъ ва террористии ҲНИТ, ки баъди содир кардани ҷиноятҳо аз ватани худ фирор карда, имрӯзҳо дар Туркия панаҳ мебаранд, бо истифода аз ин фурсат бори дигар фурӯхташуда ва ғуломи хоҷагони хориҷӣ будани худро нишон доданд. Ин гурӯҳ аз ғалабаи ҳукумати Туркия бар болои табаддулотчиён хушнудӣ карда, бо хушомадгӯию тамаллуқкорӣ Урдуғонро васф намуданд ва дар расонаҳои хабарию шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар баён доштанд, ки гӯё аксари мардуми ин кишвар он шаб ба майдонҳо барои ҳифзи лидери худ баромадаанд.

Ин амали нангин ва пасти масъулону ҷонибдорони ҲНИТ бемантиқ ва тааҷубовар аст. Зеро онҳо дар моҳи сентябри соли гузашта худашон дар Тоҷикистон кӯшиш карда буданд, ки бо роҳи табаддулот ҳокимиятро ғасб созанду сохти конститутсиониро барҳам диҳанд. Аммо баъди мағлубу саркӯб шудан ба Туркия фирор карда буданд. Ҳоло бошад, мухолифи чунин табаддулот баромада, онро маҳкум месозанду ҳукумати як кишвари бегонаро (Туркия) дастгирӣ менамоянд. Аз ин бармеояд, ки пайравони ҲНИТ вобаста, дастнигар ва муҳтоҷи чор тангаи ҳукуматдорони он кишвар ҳастанд. Дар акси ҳол ягон зарурат барои даст задан ба як амали нангин, яъне васф кардани роҳбарони як миллату давлати бегона набуд. Бори дигар собит мегардад, ки ҲНИТ ҳамеша як фишанги дасти нерӯҳои бегона буд ва мақсаду манфиатҳои онҳоро амалӣ менамуд.

Масъулону аъзоёни ҲНИТ намефаҳманд ё фаҳмидан намехоҳанд, ки шаби кӯшиши табаддулот як қисми мардуми Туркия на ба хотири мазҳабӣ будану ҳамфикри инҳо (ҲНИТ) будан ба кӯчаҳо баромада буданд, балки мехостанд пеши роҳи хунрезию харобкориро бигиранд.

Аммо бояд масъулону пайравони ҲНИТ, ки дар Туркия ва кишварҳои дигар қарор доранд, бояд дуруст дарк созанд, ки ғуломи зархариди хоҷагони хориҷӣ будан, бозичаи дасти нерӯҳои бегона будану ҳадафҳои онҳоро бар хилофи манфиатҳои ватану миллати худ хиёнаткорона ба ҷо овардан оқибати бадтарин дорад. Ин тоифа бо анҷом додани амалҳои нангину нопоки мазкур ҳамчун як гурӯҳаки манфуру хиёнатпеша дар назди ҳамватанон ва ҳам хориҷиён шинохта мегарданд. Ҳатто худи ҳамон хоҷагонашон ҳам ба инҳо эътимод нахоҳанд дошт.

Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки масъулини ташкилоти терористии ҲНИТ аз ҳар гуна амали душманона нисбати ватану миллати худ даст кашида, пайравонашонро низ ба чунин рафтор ҳидоят намоянд».

spot_imgspot_img

Популярное