Тоҷикистон бо Чину Покистон ва Афғонистон ба эътилофи низомӣ шомил мешавад?



– Чин, Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон доир ба таъсиси эътилоф дар масъалаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти унвони «Механизми чорҷонибаи ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ» тавофуқ ҳосил карданд, –


хабар медиҳад


нашрияи покистонии The Express Tribune.

Гуфта мешавад, ин кишварҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозии талошҳо ва дастгирии мутақобила дар мубориза бо терроризм ба мувофиқа расидаанд.

Созишҳо дар бораи таъсиси эътилофи низомӣ рӯзи 4 августи соли равон дар вохӯрии намояндагони мақомоти ҳарбии чор кишвар дар музофоти Синтзяни Чин

ба даст омадаанд

 . Дар ин вохӯрӣ Тоҷикистонро сардори ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Собирзода намояндагӣ кардааст.

ВАО-и Русия дар ин робита

менависанд

, агар тавофуқҳо дар амал татбиқ шаванд, эътилофи нав ба таъмини амнияти миллии ҳамаи кишварҳои узви он мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатмадор ва муаррихи русиягӣ Аждар Куртов ба саҳеҳияти маълумоти ВАО дар бораи таъсиси чунин эътилоф

шубҳа дошта

, қайд мекунад, ки ҷой доштани Чин дар рӯйхати эътилоф ин маълумотро начандон воқеъӣ бозтоб медиҳад.

«Чин ба ҳеҷ кадоме аз эътилофҳои низомӣ шомил набуда, ин самти усулии пешгирифтаи онҳост, ки чандин маротиба аз ҷониби раҳбарияти ин кишвар садо додааст. Ба хотири як сохтор бо шариконе чун Покистону Тоҷикистону Афғонистон, ба гумон аст, ки Чин аз ин самти сиёсаташ даст кашад», – иброз доштааст Куртов.

Ӯ қайд кардааст, ки Тоҷикистон аз имконоти пурзӯри низомӣ бархӯрдор нест. «Ин кишвар саноати ҳарбӣ надошта, аз воридоти аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ вобаста аст ва худи нерӯҳои мусаллаҳаш низ чандон бузург нестанд. Имконоти иқтисодии ҷумҳурӣ низ начандон назаррас аст. Узвияти Тоҷикистон ба кадом як эътилофи низомӣ барои кишвар ва тақвияти иқтидори мудофиавии он нафъи назаррасе намеорад. Агар раҳбарияти кишвар ба ин иқдом даст зада бошад, ин маҳз аз заъифӣ буда, умедворӣ ба дастрасии ҳадди ақал ягон кумак аст», – қайд кардааст сиёсатмадор.

Куртов таъкид намудааст, ки сиёсати бисёрҷонибаеро, ки дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудааст, Тоҷикистон нодуруст қабул карда, чунин мешуморад, ки дар як вақт метавон аз кишварҳои мусалмонӣ, СААД ва ИМА дастгирӣ ҷустуҷӯ намуд.

«Аз чунин бозиҳо маъмулан натиҷаи хубе ҳосил намешавад. Чунин сиёсат ба он дучор хоҳад шуд, ки аз ҷониби ҳамаи шарикон нобоварӣ ба вуҷуд меояд. Давлатеро, ки дар доираи як созмони минтақавӣ ба худ уҳдадориҳо мегираду сипас ба созмони рақобаткунандаи он шомил мешавад, боэътимод шуморидан душвор аст», – гуфтааст дар фарҷом сиёсатмадори рус.

spot_imgspot_img

Популярное